Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гиви", фармондеҳи ҷудоихоҳони Донетск кушта шуд


Украина- Аъзои баталони "Сомали" -и ҷудоталабон бо фармондеҳи худ Михаил Толстих акс мегиранд. 13 ноябри соли 2014.
Украина- Аъзои баталони "Сомали" -и ҷудоталабон бо фармондеҳи худ Михаил Толстих акс мегиранд. 13 ноябри соли 2014.

Михаил Толстих, фармондеҳи ҷудоихоҳон дар ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск (ҶМД) ва маъруф ба "Гиви" кушта шуд. Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба фармондеҳии ҶМД иттилоъ дод, ки Толстих дар натиҷаи як ҳамла ҷон бохтааст.

Игор Стрелков (Гиркин), "вазири дифоъ"-и пешини ҶМД дар "ВКонтакте" навишт, ки Толстих бар асари як таркиш дар утоқи корияш, дар Донетск кушта шуд. Қаблан хабар расида буд, ки "Гиви" дар задухурдҳои ахири Авдеевка захм бардоштааст.

Номи Михаил Толстих" ҳамроҳ бо дастааш - "Сомалӣ" баъди задухурдҳои ҷудоихоҳони рӯ ба Русия бо низомиёни Украина дар фурудгоҳи Донетск ва Иловайск дар соли 2014 машҳур гашт.

"Гиви" нахустин раҳбари ҷудоихоҳони шарқи Украина нест, ки тайи чанд моҳи ахир ба ҳалокат мерасад. Рӯзи 4 феврал дар натиҷаи таркиш яке аз мақомҳои баландпояи ба истилоҳ "пулиси мардумӣ"-и ҷумҳурии худхондаи Лугангск (ҶМЛ) Олег Анашенко кушта шуд.

Охирҳои моҳи январи соли равон раҳбари ҶМЛ Валерий Болотов дар Москва ҷон дода, 16 октябри соли 2016 дар Донетск фармондеҳи ҷудоихоҳон Арсений Павлов бо лақаби "Моторола" аз байн рафт.

XS
SM
MD
LG