Пайвандҳои дастрасӣ

Узвияти Афғонистон дар ШОС баррасӣ мешавад. ВИДЕО


Сергей Лавров бо Салоҳуддин Раббонӣ

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 7 феврал дар шаҳри Маскав бо ҳамтои афғонаш Салоҳуддин Раббонӣ раванди сулҳи Афғонистонро баррасӣ кард. Ба қавли мақомдори рус, Маскав ирсоли таҷҳизоти низомӣ ба Афғонистон ва таъмири онро идома хоҳад дод. Лавров афзуд, ду ҷониб дар масъалаи зарурати тавсеаи раванди сулҳи Афғонистон ба мувофиқат расидаанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия тасдиқ кард, ки мизбонии конфронси байналмилалии сулҳи Афғонистонро, ки эҳтимол моҳи равон доир шавад, ба ӯҳда гирифтааст. “Мо тасдиқ мекунем, коршарикони афғониамонро ба мулоқоти дигар даъват кардем, ки шояд дар миёнаҳои моҳи феврал баргузор шуда, дар он вазъи Афғонистонро бо иштироки Русия, Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон ва Ҳиндустон баррасӣ кунем”, - гуфт ӯ.

Навори видеоӣ инҷост:

Дар ин нишаст ҳамчунон аризаи Афғонистон барои узвият дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) ва ниҳодҳои минтақавии мубориза бо терроризм арзёбӣ хоҳанд шуд. Сергей Лавров гуфт, Афғонистон ба ҳайси нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой нақши бориз доштааст: “Узвияти Афғонистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой муҳим аст, ба вижа дар шароити феълӣ дар рӯ ба рӯи таҳдиди террористони байналмилалӣ, тақозоҳои ғайри қобили қабули Толибон ва гурӯҳҳои ифротиии исломӣ, ки саъй доранд, дар шимоли Афғонистон ҷойи по пайдо кунанд.”

Мақомдори рус изҳори умед кард, ки ҳамкориҳои Русия бо Амрико дар аҳди Доналд Трамп дар мубориза бо гурӯҳи даҳшатафкани ба ном “Давлати исломӣ” ва амнияти минтақа ва ба хусус назму суботи Афғонистон таҳким меёбанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG