Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ барои сармоягузории маъракаи интихоботӣ мурофиа мешавад


Раиси ҷумҳури собиқи Фаронса, Николя Саркози бо иттиҳоми сармоягузории ғайриқонунии маъракаи пешазинтихоботӣ дар соли 2012, мурофиа мешавад. Дар ин бора Reuters рӯзи 7 феврал бо такя ба манбаи додгоҳ хабар дод.

Ба ғайри президент Саркози, 13 нафари дигар дар чаҳорчӯби парвандаи Bygmalion, оиди харҷи аз ҳад беши маблағҳо ва нақзи умури молӣ, дар додгоҳ посух мегӯянд. Биноба фарзияи додгоҳ, гумонбарҳо аз лимити маблағҳоеро, ки барои маъракаи интихоботӣ ҷудо шуда буд, бештар пул сарф кардаанд. Ба ҷой 22,5 миллион евро онҳо наздик ба 40 миллион харҷ карданд. Аксари ин маблақҳо тавассути ширкати Bygmalion интиқол ёфтанд.

Николя Саркози аз соли 2007 то соли 2012 раиси ҷумҳури Фаронса буд. Дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2012 ӯ сабқатро ба Франсуа Олланд, номзади ҳизби Сотсиалист бой дод.

XS
SM
MD
LG