Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мусаллаҳона ба қаҳвахонаи чинӣ дар Бишкек


Пулиси Қирғизистон мегӯяд, ғоратгарони мусаллаҳ ба қаҳвахонаи чинии "Цзи Сян", воқеъ дар паҳлӯи Кохи никоҳ, дар маркази Бишкек ҳамла оварда, 100 ҳазор сом ё наздики 15 ҳазор доллари амрикоиро рабудаанд.

Ҳамла тақрибан соати 10-и шоми 6 феврал рух дода, дар он чаҳор мусаллаҳи ниқобпӯш иштирок кардаанд. Онҳо ба ҳаво тир андохта ва аз кассаи қаҳвахона 100 ҳазор сомро бардошта ғайб задаанд.

Гурӯҳи фаврии тафтишотӣ дар маҳалли ҳодиса кормандони қаҳвахона ва шоҳидони воқеаро пурсуҷӯ дорад. Инчунин, забти дурбинҳои назоратӣ мусодира шудааст. Пулис хабар медиҳад, ки дар ҷои воқеа осоре аз тир пайдо нагаштааст.

Дар робита ба ҳодиса парвандаи "ғорат" боз шуда, пажӯҳиш идома дорад.

XS
SM
MD
LG