Иттиҳоди масеҳиҳои демократ ва шарики он аз Бавария, иттиҳоди сотсиалҳои масеҳӣ Ангела Меркелро дар интихоботи моҳи сентябр ба Бундестаг, номзади ягона эълон карданд.
Тавре хабаргузории DPA гузориш медиҳад, қарор мазкур дар ҷаласаи муштараки садорати ду ҳизб гирифта шуд.
Ин ду ҳизб, ки дар эътилофи порлумонӣ аҳзоби пешбаранда унвон мешаванд, тавонистанд, ихтилофи худро дар робита ба бӯҳрони муҳоҷират ҳаллу фасл кунанд.
Раҳбари Сотсиалҳои месеҳӣ, нахуствазири Бавария Ҳорст Зееҳофер борҳо сиёсати муҳоҷирати Меркелро танқид кард ва пешбарии ӯро ҳамчун номзади ягона ба бунёди монеаҳо барои вуруди паноҳандагон вобаста намуд. Ӯ имрӯз расман эълон кард, ки аз номзадии Ангела Меркел пуштибонӣ мекунад.
Меркел моҳи ноябри соли гузашта гуфт, ки мехоҳад, барои даври чаҳорум номзад пешниҳод шавад. Ҳизби Демократҳои масеҳӣ моҳи декабри соли 2016 аз номзадии ӯ пуштибонӣ кард.