Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳрум шудани ДТД аз ҳаққи истисноии қабули донишҷӯён


Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҳаққи истиснои қабули донишҷуён маҳрум шуда, имсол тариқи Маркази миллии тестӣ донишҷӯ қабул мекунад. Хуршед Икромӣ, раиси Маркази миллии тестӣ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба низоми марказ дохил шуда, имсоли тариқи ММТ донишҷу қабул мекунад. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ягона муассисаи олии таълимӣ буд, ки соли гузашта мустақилона донишҷу қабул карда буд. Маркази миллии тестӣ дар се соли гузашта масъулияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва тақсимбандии ихтисос ба ихтисоси довталабон дар мактабҳои олии Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар шаҳри Данғара дар моҳи марти соли 2016 бо фармони махсуси раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рафъи норасоии духтурон дар вилояти Хатлон таъсис дода шуд. Ба дунбол, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Қурбон Убайдулло Абдулло, ки дар вазифаи ректори Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кор мекард, ректори донишгоҳи тозатаъсиси тиббӣ дар Данғара таъйин шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG