Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Руминия қарори ҷанҷолиро беэътибор кард


Тазоҳурот дар Руминия тақрибан як ҳафта аст, ки идома дорад.
Тазоҳурот дар Руминия тақрибан як ҳафта аст, ки идома дорад.

Ҳукумати Руминия қарор дар бораи сабуктар кардани ҷазо барои ришвахорӣ дар кишварро бо талаби тазоҳургарон расман беэътибор кард. Як мақоми ҳукумат рӯзи 5-уми феврал ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, ки “Қарор беэътибор карда шуд.”

Сорин Гриндеану, нахуствазири Румния пас аз ҷаласаи изтирории ҳукумат дар ҳамин рӯз бо нашри як баёния гуфт, ки аз қарори мазкур даст кашидаанд. Сорин Гриндеу, рӯзи 4-уми феврал гуфт, ки “Ман намехоҳам дар Руминия ҷудоӣ андозам” ва афзуд, ки кишварашро набояд ба ду ҷабҳа тақсим кунанд.

Баъди 5 рӯзи тазоҳуроти пайвастаи садҳо ҳазор нафар дар Руминия, бахусус дар пойтахти он шаҳри Бухарест, ҳукумат маҷбур шуд, қарор дар бораи сабуктар кардани ҷазо барои ришвахориро пас бигирад. Пулис гуфт, рӯзи 4-уми феврал 330 ҳазор нафар дар тазоҳурот ширкат карданд, ки баъди тазоҳуроти соли 1989 дар замони суқути Николай Чаушеску, диктатори коммунист бузургтарин тазоҳурот дар кишвар ба ҳисоб меравад. Қарори мазкур имкон медод, баъзе аз мақомдорон бо вуҷуди фасодкорӣ беҷазо монанд.

XS
SM
MD
LG