Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темир Сариев – довталаби курсии президентӣ дар Қирғизистон


Ҳамоиши ҳизби "Оқ Шумқор" дар Қирғизистон. 4 феврали 2017
Ҳамоиши ҳизби "Оқ Шумқор" дар Қирғизистон. 4 феврали 2017

Темир Сариев – нахуствазири пешини Қирғизистон – эълон кард, ки барои дарёфти курсии президентӣ дар ин кишвар номзад хоҳад шуд. Изҳороти Сариев рӯзи 4 феврал дар ҳамоиши ҳизби "Оқ Шумқор" садо дод. Имсол дар Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад.

Темир Сариеви 53-сола аз моҳи майи 2015 то апрели 2016 ба ҳайси нахуствазири Қирғизистон кор кардааст. Ӯ баъд аз онки чанде аз вакилони порлумон кобинаашро ба фасодкорӣ муттаҳам карданд, истеъфо дод.

Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки моҳи декабри соли гузашта ба Қонуни асосии ин кишвар тағйирот ворид карданд. Бар асоси ин тағйирот, баъзе аз салоҳиятҳои президент ба нахуствазир дода шуд.

Чунин амалкард хашми мухолифони президенти феълӣ Алмосбек Отамбоевро барангехт, ки гуфтанд, ӯ нақша дорад баъд аз анҷоми давраи президентӣ раёсаташро дар мақоми нахуствазир идома диҳад. Аммо Отамбоев расман эълон кард, ки баъд аз анҷоми ваколати президентияш барои дарёфти кадом мақоме, аз ҷумла нахуставазирӣ талош нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG