Раиси ҷумҳури Тоҷикистон тайи як фармон шуморе аз додрасҳои кишварро аз мақомашон озод кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон Ғоибназар Амирхоҷа, раиси додгоҳи шаҳри Истаравшан Ҷумъазода Усмоналӣ Шариф ва муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ашт Асрорзода Ҳакимҷон Тӯйчӣ рӯзи 3 феврал аз мақомашон озод карда шуданд. Дар фармони раиси ҷумҳур сабаби барканории ин додрасҳо, расидан ба синни ниҳоии нафақа гуфта шудааст.