Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи сафед нармиши таҳримҳои зидди Русияро рад кард


ИМА - Сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер дар нахустин нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон. 23 январи соли 2017.

Дастгоҳи президенти ИМА хабарҳои нармиши таҳримҳои зидди Русияро рад кард. Намояндаи Кохи сафед Шон Спайсер тағйири яке аз маҳдудиятҳоро нисбати Хадамоти амнияти Русия ё ФСБ "дақиқ кардани истисноҳои муайян" номид.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки вазорати молияи ИМА ба шаҳрвандон ва ширкатҳои амрикоӣ иҷоза дод, дар як сол барои харидани барномаҳо ва фанновариҳои иттилоотӣ аз Хадамоти федероли амнияти Русия 5 ҳазордолларӣ сарф кунанд. То ин тағйир ҳама гуна ҳамкории онҳо бо ФСБ манъ буд. Навъи фанновариҳо номбар нашудааст.

Охири моҳи декабри соли гузашта маъмурияти Барак Обама зидди чанде аз ниҳодҳои Русия, аз ҷумла ФСБ дар робита ба мудохилаи хадамоти махсуси Русия ба интихоботи президетии Амрико бо истифода аз ҳамлаҳои кибернетикӣ ин таҳримҳоро ҷорӣ карда буд. Москва ин айбномаро рад мекунад.

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG