Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ба шӯришиёни Сурия мошинҳои зиреҳпӯш медиҳад


Ҳарбиёни Амрико тасдиқ карданд, ки ба шӯришиёни Сурия барои рондани ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИ) аз пойтахти худхондаашон – Раққаҳ техникаи зиреҳдор додаанд.

Намояндаи расмии вазорати дифои ИМА рӯзи чаҳоршанбе хабари шӯришиёнро, ки амрикоиён ба онҳо мошинҳои зиреҳпӯши Guardian додаанд, тасдиқ кард. Дар изҳороти Пентагон гуфта мешавад, ки техникаи ҳарбӣ ба шӯришгарон бори аввал ва ба миқдори кам дода шудааст.

Пентагон изҳор дошт, ки бо наздик шудани эътилофи шӯришиёни Сурия ба Раққаҳ ба онҳо василаҳои беҳтари дифоъ аз силоҳи оташфишон ва минаҳои сарироҳӣ хоҳад дод. Ҳуҷуми мухолифон ба Раққаҳ бахше аз маъракаи густардаест барои муҳосира ва ишғоли ин шаҳр, ки “Давлати исломӣ” онро пойтахти худ эълон кардааст. Ин эътилофи шӯришгарон узви созмони курдии "Нерӯҳои демократии Сурия" аст, ки Иёлоти Муттаҳида онро қавитарин ниҳоди мубориза бо “Давлати исломӣ” дар Сурия мешуморад.

Интизор меравад, ёрии бештари ИМА ба гурӯҳҳои шӯришгар дар Сурия ба афзоиши шиддат миёни Амрико ва Туркия сабаб хоҳад гашт. Анқара нерӯҳои курдро барои равобити онҳо бо ҷудоихоҳони курди Туркия "террорист" унвон кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG