Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як муҳоҷир дар шуъбаи пулиси Санкт-Петербург


Дар робита ба қатли як муҳоҷири 39-солаи узбак дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Пушкини Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин куштор як сокини 24-солаи маҳаллӣ айбдор аст, ки бо гумони даст доштан дар қатли шахси дигар боздошт ва дар шуъба нигаҳдорӣ мешуд.

Муҳоҷирро барои нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия ба шуъбаи пулис овардаанд. Ҳуввияти ӯ муайян шуда, ҳодисаро Раёсати тафтишотии Санкт-Петербург таҳқиқ мекунад. "Марде, ки соати 3-и шаби 27 ба 28 январ дар боздоштгоҳи Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Пушкин кушта шуд, шаҳрванди Узбакистон буда, 40 сол дорад", - меафзояд пулис. Вале ҷузъиёти ҳуввияти ӯ ошкор намешавад.

Масъулони Кумитаи тафтишотии Русия гуфтанд, дар ҳоли ҳозир таҳқиқ доранд, ки барои чӣ муҳоҷир бо ҷинояткори хатарнок дар як утоқ нигаҳдорӣ шудааст. Муфаттишон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд, миёни ҷинояткор ва муҳоҷир дар боздоштгоҳ муноқиша сар зада, дар натиҷа дувумӣ сахт латту кӯб шудааст.

XS
SM
MD
LG