Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсати маорифи вилояти Хатлон 10 падару модарро ба додгоҳ кашидааст. Ҷамшед Намозов, мудири Донишкадаи такмили ихтисос дар минтақаи Кӯлоб, рӯзи 31 январ дар як нишасти хабар гуфт, ҳамаи ин волидон барои издивоҷҳои бармаҳали духтарони худ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

“Ба шавҳар додани духтарони ноболиғ дар ноҳияи Вахш, Шаҳритус, Қӯрғонтеппа, Данғара, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб сабт гардиданд”, – афзуд ӯ. Ба қавли Намозов, қазияи ин волидон ҳанӯз дар дасти баррасии додгоҳ аст.

Дар Тоҷикистон соли 2010 синни издивоҷ як сол боло бурда шуд ва духтарон аз 18-солагӣ ҳаққи барпо кардани оиларо доранд. Муқаррароти мазкур он замон ба хотири ҷилавгирӣ аз издивоҷҳои барвақтӣ, хушунати хонаводагӣ ва мусоидат дар таҳсили духтарон гирифта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG