Пайвандҳои дастрасӣ

Сарояндаи машҳури туркман ба 7 соли зиндон маҳкум шуд


Бино бар хабарҳои дарёфтӣ, овозхони номдор Полвон Холмуродовро ба тиҷорати ғайриқонунии асъор ё пули хориҷӣ айбдор кардаанд. Чанде пеш аз зиндонӣ шудани як сарояндаи дигари машҳури Туркманистон Назир Ҳабибов хабар расида буд.

Нахустин хабарҳо аз мушкилоти Полвон Холмуродов ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта, вақте рӯ заданд, ки овозхон аз назарҳо нопадид шуд. Он ҳам дар ҳоле ки сарояндаи машҳур чанд сол буд, дар телевизион намудор намешуд ва иҷоза надошт, дар саҳнаҳои кишвар ҳунарнамоӣ кунад. Мақомот ӯро барои сурудани таронаҳои динӣ аз саҳна дур кардаанд.

Аммо парвандаи додгоҳии Полвон Холмуродов ба эҷодиёти ӯ рабт надорад. Бино ба маълумоти манобеи огоҳ, шахсе дар фурудгоҳ ҳангоми қочоқи 70 000 доллари амрикоӣ боздошт шуд. Ин дар ҳолест, ки аз Туркманистон қонунан танҳо 10 ҳазор доллар баровардан мумкин аст. Дар бозпурсӣ шахси боздоштшуда гуфт, ки ин маблағ ба Холмуродов тааллуқ дорад.

Гуфта мешавад, агар сарояндаро барои таронаҳои мазҳабияш маҳкум мекарданд, муҳлати ҳабси ӯ ба маротиб бештар мебуд. Пештар хабар расида буд, ки овозхони дигари машҳур Назир Ҳабибов дар моҳи октябри соли гузашта бо парвандаи қочоқи маводи мухаддир ба 15, бино ба маълумоти дигар 12 соли зиндон маҳкум шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG