То 1 феврал ба ҳисоби махсуси Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон 48 миллиону 674 ҳазору 420 сом (зиёда аз 700 ҳазор доллар) ворид шудааст. Ба огаҳии маркази матбуоти вазорат ҷамъоварии кумакҳо идома дорад.
Пештар гуфта мешуд, қабули кумак то 1 феврал идома карда, аз 11 феврал тақсими он дар миёни осебрасидагон ва хонаводаи қурбониён оғоз меёбад.
31 январ вазири вазъи изтирорӣ Кубатбек Боронов дар дидор бо сокинони деҳаи Дачи-СУ гуфт, ҳисоби бонкӣ баста нахоҳад шуд, зеро ҳанӯз афроди зиёде изҳор доштаанд, ки мехоҳанд, ба зарардидагон мадад расонанд. Вай ёдрас шуд, ки аз ҳамаи минтақаҳои Қирғизистон кумак мефиристанд. Шаҳрвандоне, ки бехона мондаанд, дар меҳмонсароҳо паноҳ ёфтаанд.
Ширкати туркии ACT Airlines, соҳиби ҳавопаймои суқуткарда, ҳадаф дорад, осеби молиро ҷуброн кунад, ба хурдсолони бепарастор ёрии равонӣ расонад ва ҳамчунин харҷи таҳсили ояндаи онҳоро бар дӯш гирад.
Ҳавопаймои боркаши «Боинг-747-400» субҳи 16 январ ба рӯи деҳаи Дачи-СУ дар наздикии фурудгоҳи «Манас» афтид. Он дар хатсайри Ҳонконг - Истамбул парвоз мекард. Дар натиҷаи суқут 39 нафар кушта, даҳҳо тан осеб диданд.