Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷан аз ҳалокати чаҳор теророрист хабар дод


Нерӯҳои вежаи Озарбойҷон
Нерӯҳои вежаи Озарбойҷон

Хадамоти амнияти Озарбойҷон мегӯяд, ки нерӯҳои вежаи кишвар чаҳор гумонбари узвият дар гурӯҳи террористиро аз байн бурданд.

Ба гуфтаи Хадамот, ин нафарон дар ҷараёни амалиёти рӯзи 31 январ дар ҳоле кушта шуданд, ки ба сӯи нерӯҳои амнятӣ оташ кушоданд.

Нафари панҷуми ин гурӯҳ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи Хадамоти амният, гумонбарҳо бо гурӯҳи ношиноси тундгаро дар хориҷи кишвар робита доштанд ва мехостанд, ки дар Озайрбойҷон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Дар хабари хадамоти амният макони амалиёти вежа номбар нашудааст.

XS
SM
MD
LG