Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи миёни Тоҷикистон ва Созмони озуқа тасдиқ шуд


Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – рӯзи 1 феврал созишномаи миёни ҳукумат ва Созмони озуқаву кишоварзии Созмони Милали Муттаҳидро тасдиқ кард. Ин созишнома моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Анталияи Туркия имзо шуда, бар асоси он, намояндагии созмон дар Тоҷикистон таъсис хоҳад ёфт. Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзӣ дар рӯ ба рӯи вакилон гуфт, “таъсиси намояндагии ин ниҳод дар Тоҷикистон ба ҷалби сармояҳои байналмилалии молӣ мусоидат мекунад.” Созмони озуқаву кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1996 ба ин тараф дар Тоҷикистон фаъолият дошта, бахшҳои кораш аз кишоварзӣ, обёрӣ ва замин иборат аст. Созмон дар ин муддат 89 тарҳро ба маблағи 37 миллион доллар амалӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир ин ниҳод бо ҳукумати Тоҷикистон 7 тарҳро дар мубориза алайҳи малах, дастрасӣ ба тухмии баландсифат ва беҳбуди вазъи замин рӯи даст доранд.

XS
SM
MD
LG