Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари иттифоқи касабаи нафткашҳои қазоқ 2 моҳ дар ҳабс мемонад


Додгоҳи шаҳрии Остона ҳукми ҳабси Амин Елеусинов, раиси иттифоқи касабаи кормандони ширкати Oil Construction Company (OCC)-ро, ки гуруснанишинии садҳо нафткашро дар Мангистауи Қазоқистон раҳбарӣ мекард, бетағйир гузошт.

Елеусинов ва Нурбек Кушакбоев, нозири иттифоқи касабаи ОСС ҳафтаи гузашта дар шаҳри Актау боздошт ва ба Остона интиқол ёфта, ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ба иттилои вакили дифои Амин Елеусинов, зерҳимояи ӯ ба дуздидани пулҳои буҷаи иттифоқ ва Кушакбоев дар даъват ба идомаи гуруснанишинии ғайриқонунӣ айбдор мешаванд.

Гуруснанишинии кормандони ОСС моҳи январ дар коргоҳи иттифоқи касабаи ширкат дар Актау ва маҳали кори нафткашҳо дар Жетибой ва Каламкас ду ҳафта идома ёфт.

Нафткашҳо талаб карданд, ки Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Қазоқистон барҳам нахӯрад ва мақомоту ҳукумат ва Ҳизби ҳокими "Нур Отан" сухани онҳоро шунаванд.

Гуруснанишинӣ 21 январ, баъди талаби додситони Актау қатъ шуда, додгоҳ низ ахиран онро ғайриқонунӣ эълон кард. Аз 19 то 24 январ 63 нафткаш ба додгоҳ эҳзор шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG