Пайвандҳои дастрасӣ

Президент раиси додгоҳи Нурободро барканор кард


Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон раиси додгоҳи ноҳияи Нуробод Ғайбулло Мирзозода аз мақомаш барканор шудааст. Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 30 январ дар торнамои расмии раёсати ҷумҳур нашр шуд, сабаби барканории раиси додгоҳи ноҳияи Нуробод "риоят накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо" ва "содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", гуфта шудааст. Дар бораи ин, ки оқои Мирзозода ба чӣ кирдоре даст задааст, ки боиси паст задани шаъну эътибори додрас шуда бошад, маълумоти дигаре дода нашудааст.

Дар гузашта низ чандин ҳолатҳои барканор кардани судяҳо барои риоя накардани қонун, аз мақомашон иттифоқ афтода буд. Аз ҷумла соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Хуршед Сангинзода ва додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Искандар Саидзодаро барои ришваситонӣ аз мақомҳояшон барканор карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG