Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пофишории Трамп ба дурустии дастури муҳоҷират


Тазоҳурот дар назди фурудгоҳи байналмилалии Чикаго дар рӯзи 29-уми январ.
Тазоҳурот дар назди фурудгоҳи байналмилалии Чикаго дар рӯзи 29-уми январ.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз фармонаш дар бораи манъи муваққатии вуруди шаҳрвандони 7 кишвари мусулмонӣ ба қаламрави Иёлоти Муттаҳида ҳимоят кард ва гуфт, ки фармонаш ба маънии “манъи вуруди мусулмонон” нест.

Доналд Трамп афзуд, ки Амрико, баъди андешидани тадобири иловагии амниятӣ дар 90 рӯзи оянда, додани раводид барои шаҳрвандони тамоми кишварҳо аз сар гирифта мешавад. Раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора рӯзи 29-уми декабр ва баъд аз он сӯҳбат кард, ки тазоҳурот ба зидди иқдомоти Доналд Трамп дар дохил ва хориҷи Амрико зиёд шуд ва баъзе аз вакилони мардумии кишвар ҳам ба зидди он садо баланд карданд.

“Амрико миллати пурифтихори муҳоҷирон аст ва мо ғамхорӣ дар ҳаққи онҳоеро, ки зулму ситам мегурезанд, идома медиҳем, вале айни замон шаҳрвандону марзҳоямонро муҳофизат мекунем. Амрико ҳамеша сарзамини озодону ҷасурон буд. – гуфтааст, Доналд Трамп дар як баёнияи расмии катбӣ.

“Возеҳ мегӯям, ки ин манъи вуруди мусулмонон нест, тавре ки матбуот бардурӯғ гузориш медиҳад. Ба дин робита надорад, ин (дастур) дар бораи террор ва амн нигаҳ доштани кишвар аст” - гуфтааст Доналд Трамп ва афзудааст, ки дастураш ба 40 кишвари мусулмонӣ иртибот намегирад.

Райнес Прибас, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Амрико бо ҳимоят аз дастури раиси ҷумҳур гуфтааст, ки дар фурудгоҳҳои Амрико бебандуборӣ нашудааст бо вуҷуди онки ҳазорон нафар рӯзи 28-уми январ дар назди фурудгоҳҳо тазоҳурот доштанд.

XS
SM
MD
LG