Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Душанбе


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асари як садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Душанбе, панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса нимарӯзи 29 январ рух додааст ва ҳамаи қурбониён ҷавонони аз 26-29-сола ва сокинони "Маҳаллаи Дарвоз"-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе будаанд. Ба гуфтаи наздикони қурбониёни ин ҳодиса, мошини тамғаи "Мерседес" ҳини рафтан аз Душанбе ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҳудуди ҷамоати Фахробод ба садама дучор шуда ва ҳамаи панҷ сарнишинаш дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд. Вазорати умури дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса мегӯяд, ки ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ва ба девор бархӯрдааст. Дар ҳамин ҳол наздикони қурбониёни ин ҳодиса мегӯянд, ки пас аз бархӯрдан ба девор, мошин ба ҷарӣ сарозер шудааст. Маросими ҷанозаи ин панҷ ҷавон имрӯз, 30 январ дар "Маҳаллаи Дарвоз"-и (Мясокомбинат) ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG