Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе ба як интихобот омода мешавад


Акс аз бойгонӣ

Дар аввали моҳи феврали имсол дар пойтахти Тоҷикистон иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи Душанбе баргузор хоҳад шуд. Бар асоси қароре, ки рӯзи 27 январ бо имзои Рустами Эмомалӣ – иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Душанбе – содир шудааст, ваколати узви Маҷлиси пойтахт аз ҳавзаи интихоботии рақами 62 қатъ шуда, таъини интихобот дар ин ҳавза баррасӣ хоҳад гардид. Вакили шаҳри Душанбе аз ин ҳавза Фирӯз Улмасов аст, ки то замони тағйироти кадрии ду ҳафтаи пеш дар ҳукумати Душанбе раҳбарии дастгоҳи шаҳрдориро бар ӯҳда дошт. Инчунин, дар иҷлосияи моҳи феврали вакилони Маҷлиси Душанбе масъалаи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи имсол баррасӣ мегардад. Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ду ҳафта пеш иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе шуд ва дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард. Убайдуллоев ҳарчанд курсии раиси шаҳри Душанберо аз даст дод, вале раиси Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон – аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG