Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Рустами Эмомалӣ аз кори троллейбусҳои Душанбе


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ – шаҳрдори нави Душанбе – рӯзи 28 январ аз корхонаи "Троллейбус"-и пойтахт дидан карда ва кори ин навъи мусофирбарҳоро "чандон ҷавобгӯи талабот" надонистааст. Ӯ гуфтааст, фаъолияти тероллейбусҳо "беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад". Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ низ хабар дод, ки Рустами Эмомалӣ барои "азнавсозии таваққуфгоҳи троллейбусҳо ва баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ барои мусофирон дар назди масъулони корхона вазифаҳои мушаххас гузоштааст." Аз ҷумла, ӯ хостааст, ин навъи мусофирбарҳо дар пойтахт то соати 11-и шаб кор кунанд. Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ду ҳафта пеш раиси ҳукумати Душанбе таъин шуд ва дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард. Вай зоҳиран корро аз танзими нақлиёти мусофирбар дар пойтахт оғоз намудааст, ки солҳо боз аз мушкили умдаи пойтахт ба шумор меравад.

Аммо сокинон мегӯянд, таҷрубаи истифода танҳо аз автобусу троллейбус дар хиёбони Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе, ки баъди омадани Рустами Эмомалӣ ба раёсати пойтахт амалӣ шуд, чандон муваффақ набуд. Чун, ба гуфтаи онҳо, ба далели набудани танзим бисёре аз мардум ба кору дарс ба таъхир расидаанд. Рустами Эмомалӣ дар гузашта ба ҳайси раиси Оҷонсии зиддифасод ва аз он пеш раҳбари Хадамоти гумрук кор карда, унвони генералӣ дорад.

XS
SM
MD
LG