Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба зудӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – “ҳафтаҳои наздик” ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар ин бора Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия, рӯзи 27 январ дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод, вале дар бораи барномаи сафари ӯ ҷузъиёти бештар ироа накард. Хабаргузории РИА Новости аз қавли Шувалов навишт, “мо бояд ба сафари президент Путин ҷиддӣ омода бошем, ки ҳафтаҳои наздик сурат мегирад. Умед дорем, баъзе масъалаҳои ҳалношуда то замони сафари ӯ ниҳоӣ хоҳанд шуд. Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд.” Владимир Путин бори охир моҳи сентябри соли 2015 ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Тоҷикистон омада буд. Вай дар ин нишаст гуфт, ки “Тоҷикистон чун шарики стратегӣ метавонад ба кумаки Русия умед бандад”. Тоҷикистону Русия 25 сол боз равобити дипломатӣ доранд.

XS
SM
MD
LG