Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе мақомдорон аз Департаменти давлатии Амрико мераванд


Виктория Нуланд, ёвари Котиби давлатии Амрико ҳангоми сафар дар Белград. 11 июли соли 2016
Виктория Нуланд, ёвари Котиби давлатии Амрико ҳангоми сафар дар Белград. 11 июли соли 2016

Як қатор мақомоти баландпояи Департаменти давлатии Амрико баъди имзо шудани аризаҳояшон аз тарафи маъмурияти Доналд Трамп, ин идораро тарк мекунанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба манобеи дипломатии Амрико маълумот дод. Нашрияи Washington Post ин истеъфоҳоро ғайримунтазира хонд.

Дар байни онҳе, ки истеъфо додаанд, Томас Кантримен, ноиби Котиби давлатӣ дар умури амнияти байналмилалӣ ва силоҳ, Патрик Кеннеди, ноиб дар умури идорӣ, Мишел Бонд, ёвари Котиби давлатӣ дар умури консулӣ ва Ҷентри Смит, ки Идораи умури намояндагиҳои хориҷиро раҳбарӣ мекард, номбар шуданд.

Виктория Нуланд, ёвари Котиби давлатии собиқ дар умури Аврупо ва Осиё ва Грегори Стар, ёвар дар умури амнияти дипломатӣ низ аз мақомҳои худ мераванд.

Ҳоло Трамп ва тими давраи гузариши ӯ бояд ҷойҳои холишударо пур кунанд. Трамп номзадии Рекс Тиллерсонро ба мақоми Котиби давлатии ИМА пешниҳод кард ва тасдиқи номзадии ӯ дар Сенат, ҳафтаи оянда сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG