Пайвандҳои дастрасӣ

Мэй: "Замони ҷангҳои серхарҷе мисли Афғонистону Ироқ ба поён расид"


Тереза Мэй, нахуствазири Британия дар Кунгураи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Филоделфия суханронӣ мекунад. 26 январи соли 2017.

Нахуствазири Британия Тереза Мэй гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Британия ҳамчун як бахши равобити махсуси таърихӣ ҷаҳонро бояд ба пеш бубаранд, аммо афзӯд, фурсати ҷангҳои серхарҷе мисли ҷанги Афғонистон ва Ироқ ба охир расид.

Тереза Мэй, ки рӯзи 26 январ дар ҳузури иштирокдорони конфронси Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико дар Филаделфия суханронӣ мекард, гуфт, Амрико ва Британия бояд ба чолишҳои нав, бо шумули таҳдидҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", зуҳури рӯзафзуни Чин ва Русияи эҳёшуда, якҷоя муқовимат кунанд.

"Ба ин тартиб, мо, ду кишвари мо, масъулияти пешбариро бар дӯш доранд. Зеро агар мо ақиб нишинем, дигарон ба пеш мегузаранд ва ин барои ИМА, барои Британия ва ҷаҳон хуб нест", - гуфт Мэй.

"Ин ба маънои бозгашт ба сиёсатҳои ғалати гузашта нест. Рӯзҳое, ки Британия ва Амрико мехостанд ҷаҳонро аз дидгоҳи худ тағйир диҳанд ва ба умури кишварҳои мустақил дахолат мекарданд, гузаштанд. Аммо мо ин ҳақро надорем, ки дар ҳошия бошем, вақте таҳдидҳо воқеӣ ҳастанд, дахолат ба онҳоро ба манфиати мо аст. Мо бояд мустаҳкам бошем, ҳушманду ҳушёр бошем", - афзуд нахуствазири Британия Тереза Мэй.

Мэй аз созиши ҳаставии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон, ки президенти Амрико Доналд Трамп онро танқид мекунад, пуштибонӣ кард, аммо гуфт, он бояд "бисёр бодиққат назорат шавад".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG