Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон сарбозони Туркияро аз истирдод раҳонид


Ду нафар аз гурӯҳи ҳаштнафараи сарбозони Туркия, ки баъди тазоҳуроти ноком ба Юнон фирор карданд.
Ду нафар аз гурӯҳи ҳаштнафараи сарбозони Туркия, ки баъди тазоҳуроти ноком ба Юнон фирор карданд.

Додгоҳи Олии Юнон талаби Анқара барои истирдоди сарбозони Туркияро рад кард, ки баъди табаддулоти ноком бо чархбол ба Юнон фирор карданд. Дар ин бора намояндаи додгоҳ рӯзи 26 январ ба хабаргузории Reuters маълумот дод.

16 июли соли гузашта 8 сарбози Туркия бо чархбол дар шимоли Юнон фуруд омаданд ва паноҳандагии сиёсӣ хостанд. Онҳо гуфтанд, ки ҳаёташон дар Туркия зери хатар аст.

Анқара сарбозонро хиёнаткор ва дахил дар табаддулоти давлатӣ медонад ва аз Юнон талаб дорад, ки онҳоро ба Туркия истирдод кунад. Гурӯҳи ҳаштнафара кӯшиши сарнагун кардани Раҷаб Тайиб Эрдуғонро рад мекунад. Баъди табаддулоти ноком Эрдуғон поккории густардаро дар хадамоти низомӣ ва мулкӣ ба роҳ монд.

XS
SM
MD
LG