Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Путин машварат доданд, ки фикри аз мансаб рафтанро накунад


Владимир Путин дар Минск. Моҳи августи соли 2014
Владимир Путин дар Минск. Моҳи августи соли 2014

Ҳунарманди Русия Василий Ливанов ба президенти Русия Владимир Путин машварат дод, ки дар бораи рафтан аз мақоми президентӣ ҳатто фикр накунад.

Ливанов рӯзи 26 январ, дар маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ, баъди он ки Путин ба ӯ "Ордени Шараф"-ро тақдим кард, гуфт аз ин ки Путин то ҳол дар бораи иштирокаш дар интихоботи оянда ба қароре нарасидааст, нороҳат аст. "Владимир Владимрович, агар шумо боре бо диққат ба осмон нигаред, садоеро хоҳед шунид, ки мегӯяд "ҳатто фикрашро накун!" Ин садои Русияи бузург хоҳад буд, гуфт ҳунарманди 81 сола. Толори Кремл суханони Ливановро бо мавҷи қарсакҳо истиқбол кард.

Рӯзи панҷшанбе дар баробари Ливанов ҳамчунин ровии телевизион Алксандр Масляков, Евгений Поддубный, хабарнигори телевизиони давлатӣ, ки дар Сурия кор кардааст ва намояндаи Вазорати хориҷӣ Мария Захарова мукофотҳои давлатӣ гирифтанд.

Владимир Путин зимоми қудратро дар Русия соли 2000 ба даст овард. Ӯ соли 2008 ин мақомро бо нахуствазирӣ иваз кард ва соли 2012 барои як даври шашсола дубора президент шуд.

Интихоботи навбатии раёсати ҷумҳури Русия ба соли 2018 барномарезӣ шудааст. Ширкат дар ин маърака қудрати Путинро то соли 2024 тамдид мекунад.

XS
SM
MD
LG