Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев "довари олӣ" мешавад


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар нишасти Шӯрои созмони Авросиё.
Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар нишасти Шӯрои созмони Авросиё.

Дар заминаи ислоҳоти Қонуни асосӣ, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қисме аз салоҳиятҳояшро ба порлумон ва ҳукумат месупорад.Тарҳи ислоҳот ба референдум гузошта мешавад.

Дар муроҷати телевизионӣ ба мардум, ки рӯзи 25 август пахш шуд, Назарбоев гуфт, ки ӯ дар байни шохаҳои давлат нақши "довари олӣ"-ро иҷро хоҳад бозид ва масъалаи сиёсати хориҷӣ, амнияти миллӣ ва мудофиаи Қазоқистонро таҳти назорат хоҳад дошт. Масъулияти бахшҳои дигар, аз ҷумла иҷтимоиву иқтисодӣ, бар дӯши порлумон ва ҳукумат хоҳад буд.

Тарҳи ислоҳоти Қонуни асосӣ дар матбуот нашр мешавад, то ҷомеа дар бораи дигаргуниҳо назар бидиҳад. Соли 2016 Назарбоев идеяи дигар шудани шакли идораи давлатро соқит накард ва онро ба дурнамои вазъи иқтисодӣ вобаста намуд.

XS
SM
MD
LG