Пайвандҳои дастрасӣ

Сардии ҳаво дар Афғонистон боиси ҳалокати 27 кӯдак шуд


Афғонистон. Духтараки бесарпаноҳ аз сардии ҳаво ба оғили молҳо паноҳ бурдааст.

Мақомот мегӯянд, ки барфбоди шадид ва ҳавои сард 27 кӯдакро дар манотиқи дурдасти шимоли Афғонистон қурбон кард. Волии Ҷузҷон Раҳматуллоҳ Ҳашар рӯзи 26 январ гуфт, ки барф бо баландии 50 сантиметр роҳи Дарзоби вилотяи Ҷузҷонро масдуд кард ва ҳаво то 10 дараҷа сард шудааст. Волии Ҷузҷон ҳамчунин гуфт, ки маргу мири кӯдакон дар ду-се рӯзи ахир рух додааст ва ҳамаи қурбониён кӯдакони то панҷсола буданд.

Бо назардошти ин, ки роҳ ба сӯи деҳкадаҳо масдуд шудааст, метавон гуфт, ки теъдоди қурбониҳо аз ин ҳам бештар хоҳад буд, афзӯд Раҳматулло Ҳашар. Аммо сухангӯи волӣ, Ризо Ғаффорӣ гуфт, ки кӯмакҳо ба одамон ироа хоҳанд шуд. Ҳамасола барфбоди шадид, ҳарорати пасти ҳаво, резиши тарма ва набуди зербинои дуруст, барои дастрасӣ ба манотиқи дур, теъдоди зиёди одамонро дар Афғонистон қурбон мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG