Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров ба пулиси Чеченистон иҷозат дод, ки бе огоҳӣ тир кушоянд


Чеченистон. Сарбозони гурӯҳи вежаи ба номи Аҳмад Қодиров
Чеченистон. Сарбозони гурӯҳи вежаи ба номи Аҳмад Қодиров

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ба пулис ва низомиҳояш иҷозат дод, ки ба хотири пешгирӣ аз талафот, бе огоҳӣ сӯи ҷангҷӯён тир кушоянд. Нашрияи "Гиреҳи Қафқоз" менависад, ин тасмими Қодиров хилофи қонун "Дар бораи милиса" аст.

Қодиров дар ҷаласаи вазорати корҳои дохилии Чеченистон гуфт: "Агар гумонбарро дидед, бе огоҳӣ тир кушоед! Худро дар хатар нагузоред".

Моддаи 19 қонун "Дар бораи милиса"-и Русия корманди милисаро вазифадор мекунад, ки пеш аз кушодани тир огоҳӣ диҳад. Пулис иҷозат дорад, танҳо дар сурате бе огоҳӣ тир кушояд, ки "таъхиркориаш метавонад ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд ва ё корманди милиса зарар расонад ё пайомадҳои дигар дошта бошад".

Тибқи иттилои расонаҳо, соли 2016 дар Чеченистон 27 одам қурбони низоъҳои мусаллаҳона шуданд. Шаш нафари онҳо корманди пулис буданд.

XS
SM
MD
LG