Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Тошканд номи Ислом Каримовро гирифт


Тибқи қарори раиси ҷумҳури Узбакистон Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд Ислом Каримов, нахустин раиси ҷумҳури Узбакистон номгузорӣ шудааст. Бар асоси қарори “Абадисозии хотираи нахустин раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов", ки рӯзи 25 январ Шавкат Мирзиёев имзо гузоштааст, ҳамчунин Доншгоҳи давлатии техникии Тошканд, корхонаи мошинсозии шаҳри Асак, Қасри фарҳанг дар шаҳри Фарғона ва кӯчаҳои марказӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва вилоятҳои кишвар номи Ислом Каримовро хоҳанд гирифт.

Дар Қасри Оқсарой, қароргоҳи раиси ҷумҳурӣ дар Тошканд, ки Ислом Каримов солиёни тӯлонӣ фаъолият кардааст, Маҷмаъаи илмию омӯзишӣ ба номи Каримов таъсис шуда, Фонди ҷамъиятии хайрияи ҷумҳуриявӣ ба номи Ислом Каримов ва дар шаҳри Самарқанд, зодгоҳи ӯ Осорхонаи Ислом Каримов бунёд хоҳад шуд. Ҳамчунин, қарор аст, дар муассисоти таълимоти олии кишвар стипендияи давлатии ба номи Ислом Каримов ҷорӣ шуда, дар бораи ӯ осори адабию илмӣ таълиф ва дар бораи ҳаёту фаъолияташ филмҳои бадеию ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта шавад.

Ислом Каримов, нахустин раиси ҷумҳури Узбакистон 2 сентябри соли гузашта дар Тошканд вафот кард ва 3 сентябр дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд.

XS
SM
MD
LG