Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду гумонбари терроризм бо даҳҳо ҳазор доллари қалбакӣ


Terrorism act at China embassy in Bishkek

Мақомоти Қирғизистон ду гумонбари узвият дар гурӯҳи террористиро бо 56 ҳазор доллари тақаллубӣ боздошт карданд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 25 январ бе додани маълумот дар бораи боздоштшудаҳо гуфт, ки онҳоро рӯзи 20 январ гирифтанд.

Ин ниҳод мегӯяд, долларҳои қалбакии гумонбарҳо дар Туркия сохта шудааст.

Кумитаи амнияти милӣ мегӯяд, ду шаҳрванди Қирғизистон, Мансур Сувонов ва Илёс Собиров, ки дар Истанбул зиндагӣ мекунанд, гумон меравад бо боздоштшудаҳо робита доранд.

Қиризистон Собировро бо иттиҳоми даст доштанаш дар ҳамла ба сафорати Чин дар Бишкек, ки соли гузашта сурат гирифт, дар ҷустуҷӯ қарор додааст.

30 августи соли 2016, дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ ба сафорати Чин дар Бишкек се шаҳрванди Қирғизистон захм бардошт ва худи маргталаб ба ҳалокат расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG