Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев тасмим дорад, ки қоидаи собиқадори иҷозати берун рафтан аз кишвар, ё визаи хуруҷро бекор кунад. Пешнависи фармони раиси ҷумҳур, ки дар сомонаи ҳукумати Узбакистон нашр шуд, дар байни чандин нуктаи дигар, ҳамчунин аз бекор шудани визаи хуруҷ дар нимаи сеюми соли 2017, яъне дар моҳҳои июл то сентябр хабар медиҳад. Аммо гуфта нашудааст, ки ин қарор кай амалӣ мешавад.

Визаи хуруҷ, ё иҷозаи расмии берун шудан аз кишвар, мероси замони Шӯравӣ аст, ки барои сафари шаҳрвандони Узбакистон ба хориҷ монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад ва тамдиди он хисороти молӣ ва "даводавҳои бюрократӣ"-ро талаб мекунад. Дар миёни мухолифон ин визаро як монеаи сунъӣ ё сиёсӣ барои ҷилавгирӣ аз тарки кишвар кардани афроди норозӣ аз ҳукумат арзёбӣ мекунанд.

Узбакистон ягона кишвари собиқ Шӯравӣ аст, ки то ҳол визаи хуруҷро ҳифз кардааст. Аз байн бурдани ин монеа як ибтикори дигарест, ки Шавкат Мирзиёев, раҳбари нави Узбакистон барои боз кардани ин кишвари шадидан таҳти назорат пиёда мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG