Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трамп барои маросими саваганд вориди Вашингтон шуд


Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА барои савганд ёд кардан ҳамчун президенти 45-уи кишвараш вориди Вашингтон шуд. Ҳавопаймои вай дар пойгоҳи Эндрюс, наздики пойтахти ИМА фуруд омад.

Имрӯз, 20 январ дар Вашингтон маросими расман ба кор шуруъ кардани президент Доналд Трамп ва муовинаш Майк Пенс баргузор мешавад. Дар ин маросим президенти ҳамакнун собиқ Барак Обама ва муовинаш - Ҷозеф Байден бо аъзои хонаводаи худ дар маросими савганди Трамп иштирок мекунанд.

Президенгтҳои пешини ИМА Ҷимми Картер, Ҷорҷ Буши хурдӣ, Билл Клинтон ва ҳамсараш Ҳиллари, ки дар интихоботи ахир рақиби Трамп буд, иштроки худро дар ин маросим тасдиқ карданд. Ҷорҷ Буши калонӣ ба далели бистарӣ будан ба маросим ҳозир намешавад.

Барои таъмини амният, хати ҳимоявӣ бо иштироки наздики 28 ҳазор корманди пулис, панҷараҳо, блокҳои махсус дар роҳҳо ва мошинҳои қум дар майдони масоҳаташ 8 километри мураббаъ дар маркази Вашингтон ҷойгир карда шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG