Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тереза Мэй: Баъди "Брекзит" Лондон шартномаҳои нав мебандад


Тереза Мэй, нахуствазири Британия

Баъди берун шудан аз Иттиҳоди Аврупо Британия бо кишварҳое мисли Австралия, Зеландияи Нав ва Ҳиндустон шартномаҳои нави тиҷоратӣ мебандад. Дар ин бора Тереза Мэй, нахуствазири Британия рӯзи 19 январ дар Форуми умумиҷаҳонии Давос сӯҳбат кард.

Ба гуфтаи сарвари ҳукумати Британия Лондон чун пештара аз манфиат ва арзишҳои аврупоӣ пуштибонӣ мекунад ва берун рафтани он аз Иттиҳоди Аврпуо маънои кандани робита бо давлатҳои аврупоиро надорад. Ӯ гуфт, ки кишвараш мехоҳад сарнавишташро дубора ба дасти худ бигирад.

Британиягиҳо моҳи июни соли 2016 реферундум баргузор карданд ва барои хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврпуо овоз доданд. 52 дар сади шаҳрвандони ҳақи райъ хостори хуруҷи Британия аз Иттиҳоди Аврупо шуданд.

Видеоҳои охирин

Трамп мегӯяд, Путин дахолат дар интихоботи Амрикоро қотеона рад мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG