Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Малӣ ба 60 нафар расид


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Таркиши як мошини ҳомили маводи мунфаҷира ҳудудан 60 нафарро дар удругоҳи низомии Малӣ кушта ба ҷо гузошт. 115 сарбоз ва ҷангиёни собиқ, ки эътидолро дар минтақа таъмин мекарданд, захм бардоштанд. Ҳамла рӯзи 18 январ дар шаҳри шимолии Гао сурат гирифт.

Масъулияти ҳамларо шарики Ал-Қоида дар Афроқоӣ Шимолӣ, Ал-Қоида дар Исломи Мағриб бар дӯш гирифт ва гуфт, ки ин ҷазои ҳамкорӣ бо "Фаронсаи ғосиб" аст. Гурӯҳи тундрав ҳамлагари интиҳориро Абдул Ҳодӣ ал-Фулонӣ муаррифӣ кард.

Урдугоҳи Малӣ макони истиқрори сарбозон ва намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ аст, ки биёбони шимолии кишварро дастаҷамъона назорат мекунанд.

Бо дахолати низомии таҳти сарварии Фаронса дар соли 2013, ҷангиёни исломӣ, ки шимоли Малиро як сол пеш аз ин таҳти назорат доштанд, ақиб нишастанд. Аммо фаъолияти онҳо дар минтақа ҳамоно ҷараён дорад ва дар байни шӯришиёни маҳаллӣ ва ҷангиёни ҷонибдори ҳукумат ташаннуҷ мушоҳида мешавад. Маъмурияти президент дар Твиттер навишт, ки вазири дифоъ Абдулло Маига ба минтақа сафар кард ва дар пайи ҳодисаи ҳалокати даҳҳо нафар мотами серӯза эълон мешавад.

XS
SM
MD
LG