Пайвандҳои дастрасӣ

Чин омодааст, дар ҳалли буҳрони Украина саҳм бигирад


Си Ҷин Пин, президенти Чин

Си Ҷин Пин, президенти Чин рӯзи сешанбе дар хитоб ба ҳамтои украинияш Петр Порошенко гуфт, Пекин омодааст, дар ҳалли сиёсии буҳрони Украина нақши созандаеро иҷро кунад.

Пешниҳоди аввалини Пекин барои кумак ба Киев дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодии Давос садо дод. Он дар ҳоле ироа шуд, ки ба эҳтимоли зиёд, замони ҳукуматдории Доналд Трамп нақши Иёлоти Муттаҳида ҳамчун миёнарав дар ҳалли низои Украина коҳиш меёбад. Зеро Трамп барои сулҳ бо Русия талош дорад.

Қаблан Чин барои ҳалли низои Украина, ки дар пайи ғасби Қрим ва ҳимояти Русия аз ҷудоихоҳон дар шарқи ин кишвар ба миён омадааст, камтар таваҷҷуҳ мекард.

Пекин дар гузашта бо мавқеи бетарафияш дар робита ба муборизаҳои Русия бо Ғарб оиди ояндаи Украина тавонист, аз сарбасар шудан бо Москва - ҳампаймонаш дар бисёре аз масъалаҳои ҷаҳонӣ - фирор кунад.

Мақомоти Чин ҳарчанд мегуфтанд, ба тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Украина эҳтиром мегузоранд, аммо дар низои мазкур мавқеи бетарафиро интихоб карда, аз қудратҳои ғарбӣ даъват мекарданд, ки нигарониҳои қонунии Русияро дар бахши амният ба инобат гиранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG