Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико Сербистон ва Косоворо ба худдорӣ даъват кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Сербистон ва Косово даъват кард, ки аз истифодаи "алфози хатанок" худдорӣ кунанд. Дар ин бора сафорати Амрико дар Приштина изҳорот пахш кард. Дар изҳорот омадааст, ки "Косово давлати соҳибистиқлол ва мустақил аст ва мо ба ҳақи Косово барои идораи чизе ва касе, ки марзашро убур мекунад, эҳтиром мегузорем. Мо аз ҳамаи тарафҳо даъват мекунем, ки аз истифодаи алфози хатарнок худдорӣ кунанд ва корро барои эътидоли вазъ идома диҳанд".

Ташаннуҷи ахир рӯзи 14 январ дар ҳоле оғоз шуд, ки Белград қатореро бо навиштаҷоти "Косово Сербистон аст" дар масири Косовская Митровитса (анклави Сербистон дар қисмати шимолии Косово) сар дод.

Қатор дар марз манъ шуд ва мақомоти Косово гуфтанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз танишҳо ҳаракати қаторро қатъ ва ба қазия дахолат карданд. Белград, ки ҳукумати Косоворо эътироф намекунад, гуфт қатор барои он манъ шуд, ки нерӯҳои амниятии Косово мехостанд ба он ҳамла кунанд.

Косово дар соли 2008 бо пуштибонии Амрико ва давлатҳои дигари ғарбӣ истиқлолияти худро аз Сербистон эълон кард ва 114 кишвар мустақилияти онро эътироф карданд. Сербистон ва Русия ин кишварро ба расмият намешиносанд.

Ҳошим Тачӣ, президенти Косово Белградро ба қасди ғазби Косовская Митровитса аз рӯи шеваи ишғоли Қрим муттаҳам кард. Президенти Сербистон Томислав Николич гуфт, ки бо истиқрори нерӯҳои амниятӣ дар марз ва барномаи манъи ҳаракати қатор, Приштина пайгирии ҷангро ба намоиш гузошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG