Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси нави порлумони Аврупо интихоб шуд


Антонио Таяни, раиси нави порлумони Аврупо

Муҳофизакори итолиёӣ ва намояндаи ҷиноҳи Ҳизби мардумии Аврупо Антонио Таяни раиси нави порлумони Аврупо интихоб шуд.

Ӯ дар давраи дувуми раъйгирӣ бо касби 351 овоз рақиби сотсиалисташ Ҷанни Пителлуро шикаст дод. Ба ҷонибдорӣ аз Пителлу 282 вакил раъй дод.

Аз номзадии Таяни вакилони либерал низ, ки барои коҳиш додани нуфузи популистон - мухолифони ҳамгироии Аврупо ба эътилофи муҳофизакорон пайваста буданд, ҳимоят кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG