Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳриддин Мирзозода, сардори идораи Бозрасии давлатии автомобилии Кӯлоб, хабари садама бо иштироки Ғаффор Қодирзода – раҳбари Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ин минтақаро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 17 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, садама 8 январ дар минтақаи Шатали шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст ба ба гуфтаи ӯ раҳбари Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Мирзозода гуфт, бо он ки дар ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надидаст, вале парванда боз шудааст ва таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.

Чунин ҳолат бо ҳар нафар рух медиҳад. Ин садама дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки чархи чапи мошинамон кафид ва худравро идора карда нашуд.
Ғаффор Қодирзода

Мирзозода гуфт, ки парвандаи Ғаффор Қодирзода маъмурӣ аст ва эҳтимол ӯ ба муддати 2 соли аз идораи нақлиёт маҳрум шавад.

Ғаффор Қодирзода
Ғаффор Қодирзода

Худи Ғаффор Қодирзода дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ хабари садамаро тасдиқ кард, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар ва иллатҳои ҳодиса худдорӣ намуд. Ӯ танҳо гуфт, “чунин ҳолат бо ҳар нафар рух медиҳад. Ин садама дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки чархи чапи мошинамон кафид ва худравро идора карда нашуд. Баъд ба мошини дигар задем. Ҳоло зарарҳое, ки расида буд, ҷуброн кардем”, - гуфт ӯ.

Вале шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар вақти садама чархи худрави Ғаффор Қодирзода солим буд. Икром Давлатов, ки мошини Ғаффор Қодирзода, ба худрави ӯ бархӯрдааст, гуфт, “баъди садама кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ омада, ӯро барои ташхис бурданд ва гуфтанд, ки ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошт”.

Бори аввал нест, ки афроди соҳиби мақом дар минтақаи Кӯлоб дар садамаҳо мушоҳида мешаванд. Соли гузашта дар як садамаи нақлётӣ бо иштироки раиси намояндагии Оҷонси зидди маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлоб як сокини ноҳияи Восеъ ҷони худро аз даст дод. Баъди ин ҳодиса Маъруф Саъдуллоев аз мақомаш барканор гардид.

Дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар нуҳ моҳи гузашта дар Тоҷикистон 311 нафар ба ҳалокат расид. Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон гуфтанд, дар натиҷаи ин садамаҳо 970 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Сабаби аксари садамаҳо “аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда” гуфта мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG