Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдор аз 9 рӯзи сардиҳои шадид дар Тоҷикистон. АКС, САДО


Мақомоти Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки аз шаби 16 то 25 январи имсол бештаре аз қаламрави кишварро сардии шадид фаро хоҳад гирифт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар баёнияе аз хатари канда шудани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва фаромадани тармаву яхпора ҳушдор дода ва аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои куҳӣ худдорӣ кунанд.

Дар соли 2016 ширкати "Помир Энерҷӣ" ба минтақаҳои наздимарзии Афғонистон 4,7 миллион киловатт соат нерӯи барқро ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ интиқол додааст.

Дар маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шурӯъ аз шоми душанбе сарди ҳаво дар тамоми қаламрави кишвар эҳсос мешавад, вале ҳавои сардтарин дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ хоҳад буд. Дар вилояти Хатлону Суғд боридани барфу борон ва дар минтақаи марказии Тоҷикистон бо шумули шаҳри Душанбе бориши барф дар назар будааст.

Дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон дар чунин вазъият сохторҳои маорифу тандурустӣ вобаста ба вазъияти пешбинишаванда тавсияномаҳоеро пахш мекунанд. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, дар робита ба сардиҳо ҳеҷ тасмим гирифта намешавад, зеро феълан дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон то 1 феврал таътил аст ва шогирдон ба мактаб намераванд. Дар маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, ки пизишкон машварат медиҳанд сокинон дар рӯзҳои сард вақти субҳ ва шом бе зарурат ба кӯча набароянд.

Қурбони Аламшоҳ
Қурбони Аламшоҳ

​Ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода буд, ки дар моҳи январ сардии то 50 дараҷаи зери сифр дар бархе аз минтақаҳои вилояти Бадахшон имконпазир аст.​ Қурбони Аламшоҳ, раҳбари созмони ғайридавлатии "Кӯҳҳои Помир", рӯзи 16 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта дар бархе аз ноҳияҳои ин вилоят, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон сардии ҳаво ба 20 дараҷаи зери сифр расидааст. Дар посух ба ин савол, ки оё сокинони ин минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон барои паси сар кардани чунин сардиҳо омода ҳастанд, ё на, Қурбони Аламшоҳ гуфт, "дар бораи садама дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва об дар шаҳри Хоруғ гузоришҳо шуданд, вале зуд бартараф шуданд. Бештаре аз сокинон барои таъмини гармӣ ангиштсанг ва ҳезумро захира кардаанд."

Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати Бадахшон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи эҳтимоли сардиҳои 50-дараҷаӣ дар қаламрави вилоят гуфт, агар чунин сардиҳои камсобиқа дар минтақаҳои Мурғоб ва Бурункӯл ҳам рух диҳанд, маъмулан дар баландиҳо мешаванд, ки дар он ҷо одамон зиндагӣ намекунанд.

Ин аксҳоро барои Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ фиристоданд:

Вай гуфт, "ду рӯз қабл ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои ноҳияи Мурғоб дар пайи барфрезии шадид қатъ шуда буд. Супориш шудааст, ки бархе аз ин васоили фаннӣ то анҷоми мавсими сардиҳои бесобиқа дар ноҳияи Мурғоб ва минтақаи Бурункӯл боқӣ монанд ва дар сурати такрори ҳодисаҳои роҳбандӣ зуд онҳоро аз яху барф тоза кунанд."

Бархе аз расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон бо истинод ба раҳбарияти ширкати "Помир Энерҷӣ" гузориш дода буданд, ки ба далели коҳиши об дар рӯдхонаи Ғунд, раҳбарияташ мехоҳад интиқоли нерӯи барқ ба сокинонро то 5 соат маҳдуд кунад. Аммо, ба гуфтаи Нилуфар Асламшоева, раиси вилоят дастур додааст, ки аз ҳисоби қатъи интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон таъмини мунназами сокинони маҳаллӣ бо барқ таъмин карда шавад.

Дар соли 2016 ширкати "Помир Энерҷӣ" ба минтақаҳои наздимарзии Афғонистон 4,7 миллион киловатт соат нерӯи барқро ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ интиқол додааст, ки 2,5 дарсади ҳаҷмии умумии барқи тавлидшуда дар Бадахшони Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG