Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Дарвоз мусофири “Ҳендай-Соната” аз Панҷ берун оварда шуд


Тибқи хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мошин ва мусофири он, ки дар қисмати деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ба садама дучор омада буд, аз дарёи Панҷ берун кашида шудааст. Умеда Юсуфова, сухангӯи ин ниҳод рӯзи 11 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол ҷасади ронандаи мошин пайдо нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди сардии шадиди ҳаво ва об, ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷустуҷӯи ҷасади ронандаро идома медиҳанд. Дар километри 348-уми шоҳроҳи душанбе-Хоруғ мошини тамғаи “Ҳендай –Соната”, ки аз ҷониби сокини 35-солаи шаҳри Хоруғ идора мешуд, аз баландии 35 метр ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Бар асари ин ҳодиса мусофири мошин, сокини 47-солаи ноҳияи Шуғнон ба ҳалокат расидааст.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG