Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Сокини Ҳамадонӣ арӯсшавандаашро ба худкушӣ расондааст


Як сокини 28-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки қаблан низ ба зиндон маҳкум шуда буд, ба иттиҳоми "ба худкушӣ расонидан", боздошт шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, ин шахс рӯзи 10 декабри соли гузашта бо арӯсшавандааш, ки сокини ҳамин ноҳия будааст, ҷангу муноқиша намуда ва шаъну шарафи ӯро пас задааст. Ба иттилои манбаъ, ин зан дар рӯзи рух додани муноқиша дар ҳавлии истиқоматишаон худро тариқи доркашӣ, ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли нисбати шахси гуморбаршуда парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Даст ба худкушӣ задани ҷавондухтарон аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Сабаби аксари ин худкушиҳо хушунат ва моҷароҳои хонаводагӣ гуфта мешавад

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG