Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина аз болои Русия ба додгоҳи Гаага шикоят бурд


Украина аз Русия ба Додгоҳи байналмилалии Гаага шикоят бурдааст. Дар ин бора сухангӯи Вазорати умури хориҷии Украина Маряна Бетса иттилоъ дод.

Даъво дар асоси Конвенсияи муқобила бо сармоягузории терроризм сурат гирифтааст. Киев иддао дорад, ки Русия бо ғасби нимҷазираи Қрим ва ҳимояти ҷудоихоҳон дар Донбасс конвенсияи мазкурро нақз кардааст. Президенти Украина Петр Порошенко амалҳои ҷудоихоҳонро терроризм хондааст.

Моҳи ноябри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро низ қабул кард, ки Русияро кишвари ишғолгар ва Қриму Севастополро минтақаҳои муваққатан ғасбшуда медонад. Қатънома, инчунин, поймол шудани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла тоторҳо ва украиниҳоро дар Қрим маҳкум мекунад. Кремл ин амали СММ-ро "бадгумонӣ ва якҷониба" хонд.

XS
SM
MD
LG