Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон 17 январро рӯзи мотами миллӣ эълон кард


Садамаи ҳавопаймо дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон 17 январ дар робита ба суқути ҳавопаймои боркаши "Боинг-747", ки беш аз 30 кушта бар ҷой гузошт, мотам эълон шуд. "Дар ин бора фармони раҳбари давлат ба имзо расид", - мегӯяд Дастгоҳи президенти Қирғизистон.

Ҳамчунин ба муассисаҳои фарҳангӣ ва шабакаҳои телевизион ва радио тавсия шудааст, ки барномаҳои фароқатиро лағв кунанд. "Ҳукумат дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба наздикону пайвандони қурбониён кумакҳои заруриро хоҳанд расонд", - изҳор доштааст Дастгоҳи президент Алмосбек Отамбоев.

Муҳаммадкалий Абулғозиев, муовини сарвазири Қирғизистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ба таҳқиқи суқути ҳавопаймо, ки беш аз 30 кушта бар ҷой гузошт, мутахассисон аз Кумитаи байналмилалии авиатсионӣ низ ҷалб мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол, сабаби суқути ҳавопаймо нуқси техникӣ бошад. "Ҳавопаймо ба хатти фурудоӣ наздик омада, дар маҳалли аҳолинишин суқут кард", - афзудааст Абдулғозиев.

Ҳавопаймои боркаши "Боинг-747", ки аз Гонконг ба Истамбул парвоз мекард, соати 7:30-и субҳи имрӯз, 16 январ дар наздикии фурудгоҳи "Манас", минтақаи аҳолинишин суқут кард. Ҳавопаймо барои гирифтани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Бишкек ба замин менишаст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG