Пайвандҳои дастрасӣ

Сербистон таҳдид кард, ки ба Косово нерӯ мефиристад


Сербистон баъди баҳси қаторае, ки навиштаи "Косово - ин Сербистон аст"-ро дошт, "бо Косово дар марзи бархӯрди низомӣ қарор гирифтааст". Президенти Сербистон Томислав Николич гуфт, ки дар сурати таҳдиди албаниҳо артишашро ба Косово хоҳад фиристод.

Рӯзи 14 январ Сербистон аз Белград ба Косово қатораеро бо навиштаҷоти "Косово - ин Сербистон аст", ки бо ранги парчами Сербистон нақш ёфта буд, фиристод. Марзбонони Косово қатораро манъ карданд ва он дубора ба Сербистон баргашт. Роҳбари Косово Ҳошим Тачи ин ҳодисаро иғво номид.

Сарвазири Сербистон Александр Вучич хадамоти амниятии Косоворо дар он айбдор кард, ки гӯё мехостанд, роҳи оҳанро минакорӣ ва ронандаи қаторро боздошт кунанд. Мақомоти Косово ин айбҳоро рад карданд.

Водии худмухтори пешини Косово соли 2008 истиқлолияташро эълон кард. Сербистон то ҳол Косоворо қаламрави худаш медонад, сарфи назар аз он ки бо миёнаравии Иттиҳоди Аврупо бо ҳукумати Косово вориди гуфтугӯ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG