Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангиёни ДИИШ 13 муаллимро дар Нангарҳор рабуданд


Акс аз бойгонӣ

Дастикам 13 муаллими мактаби мазҳабӣ дар қисмати шарқии Афғонистон гаравгони гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" шуданд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ҷангиёни ДИИШ муаллимони мадрасаи минтақаи Ҳаска Миноро рӯзи 15 январ рабуданд.

"Муаллимон машғули имтиҳонгирӣ буданд, ки ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ онҳоро рабуда, ба самти номаълум бурданд"- гуфт сухангӯи волии Нангарҳор Атоуллоҳ Хугиёнӣ ба радиои Озодӣ.

"Мо то ҳол барои озод кардани онҳо талошҳои фарогир анҷом додем ва бозгашти беосеби онҳоро ба хонаводаҳояшон таъмин мекунем"- гуфт сухангӯи волӣ.

Хугиёнӣ афзӯд, ки бинобар ҳассосияти мавзуъ ӯ наметавонад дар бораи тадобире, ки мақомот барои озодии муаллимони мазҳабӣ андешидаанд, ҷузъиёт диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG