Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Баҳрайн се пайрави шиаро эъдом карданд


Дар Баҳрайн се сокини шиаи ин кишварро эъдом карданд. Мақомот рӯзи 15 январ гуфтанд, онҳо барои таркиши бомба дар соли 2014, ки ҷони ду маъмури пулиси баҳрайнӣ ва як афсари иморотиро гирифта буд, муҷрим шинохта шудаанд. Эъдоми ин се нафар нахустин иҷрои ҳукми қатл дар Баҳрайн тайи шаш соли охир аст. Ин амалкарди ҳукумати Баҳрайн бо вокунишҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд. Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё, дар изҳороте гуфт, алайҳи ҳамагуна ҳукми эъдоманд ва афзуд, ки ин масъаларо бо мақомҳои Баҳрайн дар миён хоҳад гузошт. Эрон низ аз чунин амалкарди Баҳрайн башиддат интиқод кард. Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, ҳукумати Баҳрайн бо ин кораш намоиш дод, ки барои бурунрафт аз бӯҳрон талош надорад. Ин эъдом дар маҳалҳои шианишини Баҳрайн низ эътирозҳои густурдаро ба дунбол доштааст. Аз ин пеш, рӯзи 14 январ, овозаи эъдоми ин се нафар тазоҳуроти зиддиҳукуматиро баарнгезта ва боис ба ба даргирии миёни мухолифон ва маъмурони пулис гардид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG