Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев: Узбакистон ба ҳеҷ блоки низомӣ ҳамроҳ намешавад


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, гуфт, кишвараш ба ягон блоки ҳарбӣ ҳамроҳ нахоҳад шуд. Вай охири ҳафтаи гузашта ҳангоми суханронӣ дар ҳузури низомиёни Узбакистон гуфт, Тошканд, инчунин, иҷоза намедиҳад, ки дар қаламраваш пойгоҳи ҳарбии хориҷӣ ё иншооти давлатҳои дигар ҷойгир шаванд. Оқои Мирзиёев дар ин сӯҳбаташ бештар ба нирӯманд кардани артиши Узбакистон таъкид намуд. Қаблан, дар моҳи сентябри соли гузашта, баъд аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, Абдулазиз Комилов – вазири корҳои хориҷии ин кишвар – дар суханрониаш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Тошканд сиёсати ҳамроҳ нашудан ба блокҳои ҳарбиро ҳифз хоҳад кард. Узбакистон дар ҳоли ҳозир узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой буда, вале узвияташро дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣбекор кардааст.

XS
SM
MD
LG